Рӯзноманигорон бо сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд

Рӯзноманигорон бо сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд
Март 12
14:29 2020

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола   11 март  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор роҳабарон ва кормандони расонаҳои дохиливу хориҷӣ, ки дар инъикоси соҳаи тандрустӣ саҳми намоён доранд, “Сипоснома”-и вазорат супорида шуд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, саҳми рӯзноманигоронро дар пешрафти ҷомеа, аз ҷумла дар инъикоси дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат баланд арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик расман ҷашн гирифта мешавад.

Дар идома аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода барои саҳми намоён гузоштан дар инъикоси соҳаи тандурустӣ ба як қатор кормандони Маркази матбуоти вазорат ва роҳбарону кормандони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ “Сипоснома”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Рӯзномаву маҷалла аз оғози фаъолият то ба имрӯз барои пешравии ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳо ва таҳким бахшидан ба давлатдорию  пешравии мамлакат нақши босазо бозидаанд. Дар ин росто, нақши рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдод, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле  назаррас аст. Дар замони  соҳибистиқлолӣ  теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.

Тавре устод Садриддин Айнӣ дар солҳои ташаккули матбуоти тоҷик навишта буд, «рӯзномаи ҳар қавм ва  миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Қавми бе рӯзнома мисли одами бе забон дарду ранҷ ва орзуву омоли худро гуфтаву барои муттаҳидиву якдилӣ саъю талош карда наметавонад. Акнун, ки қавми мо забон баровардааст, метавонад ҳамаи дардҳояшро ба рӯзномаи худ нависад, аз аҳволи олам бохабар шавад ва дарди дилашро ба воситаи  рӯзномааш, ки бо забони тоҷикист, ба ҳар кас во намояд».

Мувофиқи тартиби бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 376 адад рӯзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 264 номгӯй ғайридавлатӣ, 245 маҷалла- аз инҳо 114 ададаш давлатӣ ва 131 номгӯй ғайридавлатӣ мебошанд.

Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён ба анҷом расонидааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760