Рӯзноманигорон инъикоси масъалаӽои ВНМО-ро меомӯзанд

Рӯзноманигорон инъикоси масъалаӽои ВНМО-ро меомӯзанд
Ноябр 09
14:08 2018

Cеминари омўзишӣ дар мавзуи “Инъикоси дурусти масоили вобаста ба пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам дар ВАО” баргузор гардид.

8-уми ноябри соли ҷорӣ  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар ӽамкорӣ бо ӽамдигар семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони васоити ахбори омма дар мавзуи  “Инъикоси дурусти масоили вобаста ба пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам дар ВАО” –ро баргузор намуданд.

Семинари мазкур дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо мақсади  инъикоси муассири мавзуи зикршуда дар маводҳои таҳияшудаи рўзноманигорони ВАО-и кишвар доир гардид.

Дар оғоз Камолзода Мирҳамуддин, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси шаффофу пурмуҳтавои масоили тандурустӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам судманд мебошад.

Ҳамчунин Сайфиддин Каримов, Директори маркази ҷумҳуриявӣ мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам дар навбати худ таъкид намуд: “Намояндагони ВАО бештар бо мардум дар иртиботанд ва дар пешгирии бемории масунияти одам, ҳарчи бештар агар масъулият эҳсос кунанд ва барномаҳои ҷолиб таҳия созанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд”.

Доктор Ораш Алоӣ, мушовири СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО (СПИД), тренери семинари мазкур  аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои рўзноманигорон  зарур шуморида, қайд намуд, ки чунин вохуриҳо  ба рўзноманигорон  имкон медиҳанд, ки бештар омўзанд, таҳқиқот  гузаронанд ва маълумоти сареҳтару дақиқтар дар ин мавзуъ паҳн намоянд, доғи бадномӣ ва  табъиз алайҳи гирифторони ин бемориро коҳиш диҳанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамасола санаи якуми декабр дар саросари олам ҳамчун Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам қайд мегардад.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин машғулиятҳо сатҳи дониши рузноманигоронро дар масъалаӽои инъикоси бемориҳо баланд намуда, барои таҳияи маводҳои дақиқ дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 343
  • 1,242
  • 949,363