Октябр 16
10:18
2021
Тибқи нақшаи қабули шаҳрвандон имрӯз 16 октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор шаҳрвандони мамлакатро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварданд, қабул намуда, бо онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом расонида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.