Октябр 28
10:10
2023
Имрӯз, 28-октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварда буданд, қабул намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.