Имрӯз бо иштироки Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масоили риоя ва ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои кормандони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рафти татбиқи Барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, рафти омодагӣ дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои фаъолияти муътадили муассисаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, ҷамъбасти фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасон дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон бурду бохти соҳа, проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.