Рафти татбиқи механзими таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гардид

Рафти татбиқи механзими таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гардид
Декабр 14
16:02 2020

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба рафти татбиқи механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин ҷиҳати саривақт анҷом додани пардохти яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то синни 3 сола доранд, вохурии масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода доир гардид.

Тавре зимни суҳбат зикр гардид, бо вуҷуди он, ки механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бар ивази ду механизми қаблӣ: пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ва кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ҷорӣ карда шудааст, аммо ин низом хусусиятҳои хоси худро доро мебошад ва дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо масъулони сохторҳои маҳаллӣ тақозои кор мебошад. Инчунин, ҷонибҳо зикр намуданд, ки дар сатҳи маҳал татбиқкунандаи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои хоҷагии манзилӣ ва кумитаҳои маҳал маҳсуб меёбанд.

Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки дар давраи паҳншавии бемории  коронавируси нави COVID-19 бинобар маҳдуд гаштани имконоти моддии хонаводаҳои камбизоат аз болоравии нархи озуқа ва аз меъёри муқаррарӣ кам додани маводи ғизоӣ ба кӯдакони хурдсол, ки ба рушди ҷисмонӣ ва солимии онҳо таъсири манфӣ мерасонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи маблағгузории грантӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ тавассути “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба чунин оилаҳо оғоз намуд.

Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳар як ноҳияи ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотии низоми мазкурро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ба роҳ монад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои маҳаллии алоқаманд дар самти расонидани кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар ҳудуди пойтахти кишвар Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои иҷтимоиро таъсис диҳад. Маркази мазкур мутамарказгардонии вазифаҳои воридкунӣ ва коркарди маълумоти шаҳрвандон, ки барои гирифтани кумакпулиҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, инчунин дигар вазифаҳои мусоидати техникии татбиқи барнома, мониторинг ва баҳодиҳии механизми мазкурро ба роҳ мемонад.

Таҷҳизонидани Маркази ҳамоҳангсозӣ бо таҷҳизоти компютерӣ ва пайвасткунӣ ба шабакаи интернет аз ҳисоби маблағҳои Лоиҳаи таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешавад.

Дар анҷоми вохурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти татбиқи лозиҳаи мазкур ҷонибҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 721
  • 1,242
  • 949,741