Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд

Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд
Май 28
06:37 2020

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ду нафар ҷавони маъюб, сокинони ноҳияи Деваштичро аёдат намуда, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим дошт.

Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси вилоят навраси маъюб Шаҳина Бадалова ва Гулру Иброҳимова сокини деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан аёдат карда шуд.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд.

Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳар иду аём барпо мегардад.

Волидайни аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 615
  • 1,242
  • 949,635