“Раванди амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”

“Раванди амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”
Декабр 02
12:23 2022

Имрӯз, 2 декабри соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр қайд карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Раванди амалисозии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” ва нақши ҳуҷҷати мазкур дар таҳкими таъминоти ҳуқуқҳои маъюбон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сизин Синаноглу, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвили, роҳбари “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” Асадулло Зикрихудоев, намояндагони  як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат зимни ифтитоҳи мизи мудаввар  иброз дошт, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 декабри соли 2017 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошта буданд: “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.

Зикр  намудан ба маврид аст, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии  маъюбон”, “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ветеранҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қайд намудани Рӯзи байналмилалии маъюбон-3 декабр арҷгузорӣ менамояд. Чунончӣ, аз соли 1993 ин ҷониб ҳамасола 3 декабр дар кишвари мо низ бо ҷалби ниҳодҳои  дахлдор ба таври шоиста  қайд карда мешавад.

Баъдан, як  қатор меҳмонон низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, хосатан дастгирии маъюбон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати  густариши ҳамкориҳо дар ин бахш иброз доштанд.

Дар чорабинии мазкур сохтору кумитаҳои дахлдор, ки дар амалӣ намудани “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” масъулият доранд, ҳисобот пешниҳод намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт.

Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 740
  • 1,242
  • 949,760