“Раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон: вазъият, дастовардҳо, мушкилот ва ояндабинӣ. Тақвияти шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти маъюбии кӯдакон”

“Раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон: вазъият, дастовардҳо, мушкилот ва ояндабинӣ. Тақвияти шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти маъюбии кӯдакон”
Декабр 21
14:52 2022

Имрӯз, 21 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон: вазъият, дастовардҳо, мушкилот ва ояндабинӣ. Тақвияти шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти маъюбии кӯдакон” конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар кори он  узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулбаҳор Ашурзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, шарикон оид ба рушд,роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуривӣ ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар конфронс қайд гардид, ки шахсони осебпазир, хусусан кудакони ятим ва маъюб дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ин гуруҳҳои осебпазир тадбирҳои  мушаххас меандешад. Ин гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ таҳти ғамхории давлат қарор дошта, дар баробари пардохти нафақа, ба татбиқи ҳуқуқу кафолатҳои барои онҳо дар қонунгузории  ҷумҳурӣ пешбинишуда, аз ҷумла таъмини тавонбахшӣ дар муассисаҳои хизматрасониҳои иҷтимоии шаклҳои  гуногун дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ  таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Гуфта шуд, ки нахустин қонунҳои ба тасвиб расидаи Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» маҳсуб меёбанд. Ҳамамзон бояд қайд намуд, ки таҳия ва ба тасвиб расидани “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, ба имзо расидани Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон аз соли 2018 аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи табақаи маъюбони кишвар мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ташкил ва доир гардидани  ҳамоиши имрӯзаи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон: вазъият, дастовардҳо, мушкилот ва ояндабинӣ. Тақвияти шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти маъюбии кӯдакон” ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар конфронси мазкур масъалаҳои муҳими соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоии кӯдакони маъюб аз нигоҳи нав мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои мушахас қабул  гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750