Риоя накардани қоидаҳои муқарраркардашуда сабаби аслии камғизоӣ миёни модарону кӯдакон гаштааст

Риоя накардани қоидаҳои муқарраркардашуда сабаби аслии камғизоӣ миёни модарону кӯдакон гаштааст
Сентябр 21
09:20 2017

Яке аз мушкилоте, ки имрӯзҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин риоя нагаштани қоидаҳои муайян ҳангоми омодасозии ғизо ва истеъмоли он дар байни модарону кӯдакон мебошад. Аз хамин рӯ, шумораи гирифторони бемориҳои камхунию норасоии ёд миёни занон ва камвазнию кадпастӣ миёни кӯдакони сини то 2 сола зиёдтар ба мушоҳида мерасад.  Албата чой доштани чунин мушкилиҳо аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда дар хамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуне руйи кор омада, танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон алҳол 7 барнома бо ҷалби шарикони рушд, маҳз дар хамин самт амалӣ гашта истодааст.

Шералӣ Рахматуллоев,   сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иттилоъ медиҳад, ки; “яке аз сабабҳои беморшавӣ ва вафти бармаҳалли модарону кӯдакон ин норасоии микроэлементҳо дар организми онҳо мебошад. Мутобиқи таҳлилҳои гузаронидашуда дар солҳои 2009-2012, нисбати дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, камхунӣ дар байни модарону кудакони вилояти Хатлон бештар ба кайд гирифта шудааст. Аз хамин рӯ, мо қисми зиёди кувваи меҳнатии мутахассисони соҳавиро, баҳри солимии модарону кӯдакони шаҳру навоҳии ин минтақа равона кардаем”.

Бо дарки ин мушкилот, яъне  ҷой доштани камғизоӣ миёни  модарону кӯдакон,   бо иқдом ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналхалқӣ барномаҳои амалие рӯи даст гирифта шудааст.

Мувофиқи таҳлилҳои масъулин  тайи 4 соли охир танҳо дар  вилояти Хатлон, оид ба ғизо, корҳои назарасе анҷом ёфтааст.  Ба роҳ мондани барномаҳои амалӣ ба мутахассисони соҳа имкон фароҳам овардааст, ки фавти бармаҳалли модаронро пешгирӣ ва мушкилоти норасоии ғизову қадпастӣ дар байни кӯдакон, то андозае бартараф карда шавад.

Бо ҳамин мақсад масъулини идораҳои дахлдор ба соҳа  ҷиҳати  беҳтар сохтани сатҳу сифати корҳо дар самти таъмини ғизои солим ба  модарону кӯдакон ва бо ин роҳ аз байн бурдани камғизоӣ миёни ин афроди ҷомеа инчунин пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 744
  • 1,242
  • 949,764