Риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ омили асосии пешгирӣ аз бемории коронавируси нави COVID-19

Риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ омили асосии пешгирӣ аз бемории коронавируси нави COVID-19
Октябр 20
13:25 2020

Тавре иттилоъ дорем, шурӯъ аз моҳи декабри соли 2019 бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  дар давлати Чин  ба қайд гирифта шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба як қатор кишварҳои олам паҳн гардид.

Аз сабаби он,  ки  ин беморӣ тез ва дар як муддати кӯтоҳ  қисми зиёди кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифт, он аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун пандемия  эълон гардид. Бояд қайд кард, ки  аз қадимулайём  дар тӯли зиндагӣ ва фаъолияти инсон  чандин маротиба  чунин ҳолатҳо  ба амал омадаанд. Бинобар ин, ҳолати мазкурро ҳамчун ҳолати табиӣ бояд қабул кардан зарур аст.

Бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, ки аз соли 1965 аллакай муайян карда шуда буд,  то ба ин сатҳ хатарнок набуд. Бинобар сабаби  дигаргун намудани  сохт ва фаъолияти худ, он ба вируси  нисбатан  қавӣ  мубаддал гашт. Ҳолати  мазкур бори дигар ҳушдор  медиҳад, ки инсоният  ба ин гуна ҳолатҳои ғайричашмдошт  бояд ҳамеша тайёр бошад. Воқеан, нсоният ва давлатҳои алоҳида  бе дастгирии якдигар  бар зидди чунин бемориҳои даҳшатовар мубориза бурда наметавонад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо давлатҳои алоҳида дар якҷоягӣ  бар зидди  ин беморӣ мубориза бурда истодаанд. Боварӣ ҳаст, ки  ин бемории даҳшатовар  дар пайи муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳои дунё пурра маҳв мегардад.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ  айни замон дар вилояти Хатлон ситоди доимоамалкунанда фаъолият бурда истодааст, ки ҳамаи идораву ташкилоту муассисаҳои  дар вилоят буда  баҳри пешгирии ин беморӣ фаъолият намуда истодаанд. Зеро, воқеан ҳам пешгирӣ аз сироятёбии  коронавирус  кори танҳо соҳаи тандурустӣ набуда, балки фаъолияти сарҷамъонаро талаб мекунад.

Вазъи кунунии ин беморӣ талаб мекунад, ки  чора ва тадбирҳои  зиддиэпидемикӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории коронавируси нави COVID-19 муташаккилона  ва дар сатҳи талаботи имрӯза  амалӣ карда шаванд.

Инчунин, қоидаҳои пешгирии ин беморӣ бояд аз ҷониби шаҳрвандон қатъиян риоя гарданд. Махсусан, шӯстани дастон бо собун муҳимтарин роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ маҳсуб меёбад. Чунки  истифодаи маҳлулҳои спиртдор ва ё шӯстани дастон бо собун вирусро  нобуд мегардонад.  Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки шаҳрвандон мунтазам  дастони хешро бо маҳлулҳои спиртдор бишӯянд. Шӯстани дастон, махсусан қабл аз тайёр намудани хӯрок, истеъмоли ғизо, нигоҳубин ва аёдати бемор баъд аз сулфа ва атса задан, пас аз қазои ҳоҷат ва дар умум дар ҳама ҳолат хеле муҳим мебошад. Бояд давомнокии шӯстани дастон 40-60 сонияро дарбар бигирад.

Ҳамзамон, ҳангоми сулфа ва ё атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи қатъшуда  пӯшонидан зарур ва ҳатмист. Баъдан,  рӯймолчаро  ба қуттии  партови   сарпӯшдор  партофтан ва дастонро  бо маҳлули  спиртдор ва ё бо собун шӯстан ба манфиати кор аст.

Бояд гуфт, ки пӯшидани даҳону бинӣ ҳангоми сулфа  ва ё атса задан  ба паҳн шудани  вирусҳо ва дигар микробҳои  касалиовар  монеа мешаванд. Агар ҳангоми сулфа ва ё атса задан даҳон ва биниро  бо даст напӯшонед, микробҳои даст ба ашёҳо  ва ё ба одамоне, ки  шумо  бо онҳо дастфишурӣ  мекунед, мегузаранд.

Инчунин, аз одамоне, ки нишонаҳои  шамолхӯрӣ ва зуком  доранд, худро дар масофаи  на кам аз 1 то 1,5 метр нигоҳ доштан зарур аст. Шахсе, ки бемории сироятии роҳҳои нафас дорад, ҳангоми сулфа ва ё атса задан  дар атрофи худ  қатраҳои  хурди вирусро  паҳн мекунад. Бинобар ин, агар шумо дар масофаи наздик бо шахси гирифори бемории сироятии роҳҳои нафас қарор доред, ҳангоми нафас кашидан метавонед ба ин вирус сироят ёбед. Ҳангоми доштани табъи баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ  аз сафар худдорӣ намоед. Агар табъи баланд, сулфа, душворшавии нафаскаширо мушоҳида  намудед, аз ниқоби  яккарата  истифода бурда, ҳатман ба духтури оилавӣ ё духтури минтақаи худ муроҷиат намоед.

Боиси зикр аст, ки  имрӯзҳо баҳри пешгирии ин беморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада  ва донишгоҳҳои кишвар  ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ  шароит  фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин, дар даромадгоҳҳои  ҳамаи идораву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада, донишгоҳҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ  ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ҳароратсанҷ ва маводҳои безараргардонӣ муҳайё карда шудааст.

Сарпарастори дармонгоҳи 

Маркази хусусии «Даво»-и вилояти Хатлон

Насиба Юлдошева

(Акс аз бойгонии Moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732