Роҳбари СУТ даъват менамояд, ки барои бекор кардани маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус шитоб накунанд

Роҳбари СУТ даъват менамояд, ки барои бекор кардани маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус шитоб накунанд
Апрел 14
15:03 2020

Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус 13 апрел дар брифинг даъват ба амал овард, ки барои рафъи маҳдудиятҳои пандемияи  COVID-19  эҳтиёткорона рафтор  бояд намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти  СММ.

Дар як зумра кишварҳо паҳншавии коронавирус қадре суст шудааст ва ҳукуматдорон дар фикри онанд, ки чорабиниҳо оид ба риоя намудани «масофаи иҷтимоӣ»-ро аз байн бардоранд.

Дар брифинг роҳбари СУТ ёдрас шуд, ки COVID-19 аслан як вируси нав аст ва ҷомеаи тиббӣ, инчунин мутахассисони соҳаи тандурустӣ  дар бораи  чигунагии   он ҳангоми мубориза бо вирус маълумот хоҳанд гирифт. Ин ҷо одатан ба маълумоти охирин такя карда мешавад. Аз таҷрибаҳои кишварҳои  мухталиф возеҳтар мегардад, ки вирус дар кадом ҳолат чӣ гуна рафтор мекунад ва чӣ тавр метавон инкишофи онро боздошт. Доктор Тедрос гуфт, ки мо метавонем  танҳо дар асоси маълумоти омӯхтаамон амал намоем.

«Мо аллакай огоҳем, ки COVID-19 хеле босуръат паҳн шуда, касро мубталои марг месозад. Нисбат ба эпидемияи зукоми соли 2009  одамон аз ин вирус 10 маротиба зиёдтар мефавтанд. Набояд фаромӯш кард, ки вирус бештар дар ҷои серодам пайдо мешавад, масалан дар хонаи пиронсолон. Барои афзоиш наёфтани вирус мо бояд ҳар одамро сари вақт санҷида, ӯро аз дигарон ҷудо сохта, ба табобат фаро гирем. Мо инчунин медонем, ки дар баъзе кишварҳо шумораи гирифторон ҳар 3-4 рӯз дучанд мегардад».

Бояд таъкид намуд, ки паҳншавии вирус нисбат ба сустшавии он хеле зиёдтар аст. Ба ибораи дигар, вирус торафт ба ҷои суст шудан суръати паҳншавии худро метезонад. Бинобар ин, аз тадбирҳои қатъӣ  тадриҷан ва зери назорати доимӣ бояд даст кашид. То дар вақти зарурат ҳолатҳои  эҳтимолии нави сироят дубора ба табобати самаранок фаро гирифта шаванд.

«Ман борҳо таъкид намудам, ки фосила гирифтан   байни одамон яке аз воситаҳои зарурии эҳтиёткорӣ мебошад», — ёдрас намуд директори генералии СУТ.  Ҳар як давлат бояд ба вазъияти дар кишвараш вуҷуддошта баҳои воқеӣ дода, шаҳрвандони хешро ҳимоя намояд».

Дар акс: СУТ изҳор медорад, ки аз маҳдудиятҳо бояд тадриҷан ва  боэҳтиёт даст кашид. Акси СММ /К.Пугачёва

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 1,515
  • 2,153
  • 988,097