Роҳбарияти вазорат бо вазъи беморхонаҳо шинос шуд

Роҳбарияти вазорат бо вазъи беморхонаҳо шинос шуд
Май 12
12:57 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус чораҳои мухталифро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла ситоде, ки дар назди вазорат таъсис дода шудааст, ҳамарӯза вазъи бистарикунонии беморон, таъминоти духтурон бо либосҳои ҳифозатӣ ва беморон бо доруворӣ, ба танзим даровардани нархи доруворӣ, ҷараёни муолиҷаи беморон, махсусан беморони вазнин ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худ ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ ташриф оварда, ҷараёни корҳоро мушоҳида ва назорат намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешида истодааст. Рӯзи 9 майи соли равон  номбурда ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб сафар намуда, аз беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ дидан кард.

Шаби 11 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Ёвон, Саида Умарзода, муовини якуми вазир дар ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед, муовини вазир дар ноҳияи Турсунзода ва чанде аз роҳбарони раёсатҳои вазорат дар шаҳри Душанбе аз марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дидан намуда, бо вазъи онҳо нишос шуданд.

Бояд гуфт, ки тайи чанд рӯз аст, ки  муовинони дигари вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода дар вилояти Суғд ва Мирҳамуддин Камолзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.

Ҳадафи ин сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Ингуна сафарҳо дар рӯзҳои наздик ба минтақаи Рашт низ дар назар дошта шудааст ва мо минбаъд низ аз ҷараёни он ба шумо иттилоъ хоҳем дод.

Ҳамчунин, иттилоъ медиҳем, ки рӯзҳои наздик сомонаи махсуси вазорат оид ба пешгирии коронавирус ба фаъолият оғоз намуда, ҳамзамон, дар сомонаи вазорат бахши муроҷиат ба вазири тандурустӣ кушода шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 911
  • 1,242
  • 949,931