Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода шаби 1 марти соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ташриф оварда, беморонро аёдат намуданд.
Аз ҷумла Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолияти шабонаи онҳо шинос шудаву бо беморон суҳбати озод анҷом доданд.
Аснои мулоқот бо беморон роҳбарияти вазорат иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар, хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, айни замон ҷиҳати расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам овардааст.
Маҳз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифтааст ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аёдати беморон ва гуфтугӯи озод анҷом додан бо онҳо, таҳлилу баррасии вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.