Роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории СОVID-19 аз нигоҳи мутахассис

Роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории СОVID-19 аз нигоҳи мутахассис
Июн 13
14:35 2020

Бемории сироятии коронавируси нави СОVID-19 имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Айни замон дар тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории мазкур мутахассисон, табибон ва алоқамандон бо тамоми қувваи корӣ сафарбар шудаанд.

Барои шарҳ додани симптомҳои беморӣ, роҳҳои паҳншавӣ ва сироятёбӣ аз бемории мазкур, ориза ва дигар хусусиятҳои он  бо  д.и.т., профессор, мудири кафедраи бемориҳои дарунии рақами 3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Намуна Мустафоқулова суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Муаллимаи азиз, сараввал мехостем дар бораи  бемории сироятии коронавируси нави СОVID-19, аломатҳо, тарзи табобат ва роҳҳаи пешгирии он маълумот медодед!?

– Тавре маълум аст, то имрӯз дар бораи бемории коронавирус ё СОVID-19 ба воситаи ВАО бисёр маълумотҳои нав пешниҳод гардида, ҳамзамон мутахассисон тамоми мардумро аз он огоҳ кардаанд. Барои табибон фарқ кардани бемориҳои аллергии шуш ва зукоми мавсимӣ зарур аст, ки ба СОVID-19 хеле монандӣ доранд. Ба хотири он ки ба хатогӣ дучор нашавем, аз фарқиятҳо бояд огоҳ бошем. Асосан, бемориҳои полинозӣ дар байни бемориҳои шуш се аломатҳои клиникӣ доранд: сурхшавии чашм-конюктивит, ринит-ҷудо шудани луоби бинӣ ё атсазанӣ ва диққи нафас, яъне астмаи бронхиалӣ.

Яъне ин бемориҳо аз бемории СОVID-19 фарқ доранд?

– Бале, аз ҳамин сабаб ҳар табибе, ки ба ташхису муолиҷаи бемории мазкур сару кор мегирад, бояд аз ин хусусиятҳо огаҳ бошад.  СОVID-19 чӣ маъно дорад? СО –зуком  ё вируси коронавӣ, яъне тоҷдор, VI – вирус ва D – декабр, яъне ин вирус моҳи декабр зуҳур намуда, авҷ гирифтааст, 19 – бошад, ишора ба соли 2019  – соли пайдоиши беморӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ СОVID-19 номгузорӣ шудааст.

Агар  шахс дучори полиноз ё бемориҳои аллергии шуш шуда бошад, анамнез дорад, яъне солҳои пешин ба бемориҳои аллергӣ дучор шуда, пулмонолог муолиҷа карда, муайян кардааст, ки он ирсӣ аст, яъне қаблан падар ё модараш бемориҳои аллергӣ доштаанд. Чун симптомҳои ин гурӯҳ бемориҳо ба ҳам хеле монанд аст, саҳван онро СОVID-19 меноманд. Бояд гуфт, ки вируси СОVID-19 ҳангоми гап задан, атса ва ғ ба организм ворид мешавад. Вақте вирус ба организм ворид мешавад, алвеотситҳои мембранаро сурох карда, ба он дохил мегардад ва таъсири манфии худро мерасонад. Алвеолитситҳо ба хотири мубориза бар зидди ин вирус кислотаи гиалуронӣ ҳосил мекунанд. Аз меъёр зиёд ҳосил шудани кислотаи гиалуронӣ низ таъсири манфӣ дорад, зеро дар ҳолати сӯрох будани мембрана кислота аз алвеолитситҳо берун мешавад ва ба интерсистия – паренхимаи шуш зарар мерасонад. Аксаран ТК ин аломати синдроми тирашавии шушро хуб ва равшан нишон медиҳад. Ин аз дигар бемориҳои интерсистиалӣ чӣ фарқ дорад? Фарқ дар он аст, ки ин ҳолат барвақт сабаби фиброз мегардад ва вазнинтарин ориза мебошад, ки дар натиҷа шуш нафас гирифта наметавонад ва сахт мешавад.

Лутфан перомуни аломатҳои вируси СОVID-19 маълумот диҳед!?

-Аломатҳои клиникии СОVID-19, яъне пневманияи шадиди итерсистиалӣ аввалан пайдо шудани сӯзиш дар гулӯ аст. Аломати барвақтии аломатҳои клиникии ин беморӣ вайрон шудани ҳисси бӯй ва мазза ва дарди қафаси сина мебошад. Бояд гуфт, ки дар аксари беморон метавонад баъзе симптомҳо пайдо нашавад. Бештари беморон аз сӯзиши байни шонаҳояшон нороҳат мешаванд. Баланд шудани ҳарорат, табларза, хунукхӯрӣ, дарди сар, қайкунӣ, дарунравӣ – диарея аломатҳои клиникии ин беморӣ мебошанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки барвақттарин аломатҳои клиникии вируси СОVID-19 ҳамеша ҳарорати баланд нест. Як зумра бемороне ҳастанд, ки дар онҳо ҳарорат пайдо намешавад. Дар онҳо аломатҳои клиникӣ – беҳолӣ, дарди мушакҳо, беиштиҳоӣ, ҳарорати муътадил, халал пазируфтани бӯю маза дида мешавад.

Нафароне, ки аз бемории дил азият мекашанд ва мубталои СОVID-19 гаштаанд, муолиҷаи онҳо чӣ гуна ҷараён мегирад?

– Нафароне, ки мубталои бемории дил, фишорбаландӣ, норасоии дил, шуш, стенокардия буда ва ё сактаи дилро аз сар гузаронида, мубталои бемории СОVID-19 мебошанд, нисбати онҳо таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Замоне, ки чунин ашхос гирифтори бемории СОVID-19 мешаванд, саъй кардан лозим меояд, то ки ориза пайдо нашавад. Масалан, агар шахс стенокардия, миокардия ё сактаи дилро аз сар гузаронида  ва ё фишорбаландӣ дошта бошад, дар ӯ ҳолати нафастангӣ ба вуҷуд меояд, яъне эҳтимоли  пайдоиши бемории норасоии дил вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат дар организми инсон гипоксия пайдо шуда, ҳамзамон норасоии оксиген дар он ба вуҷуд меояд. Агар шахс дар чунин ҳолат гирифтори бемории СОVID-19 шавад,  ҳолати ӯ камтар вазнинтар ҷараён мегирад. Аз ин рӯ, бояд муолиҷаи чунин  беморон дар якҷоягӣ бо табиби кардиолог ҷараён гирад, зеро табиби кардиолог метавонад оризаҳои имконпазирро пешгирӣ намояд.

Оё ба бемории СОVID-19 дубора гирифтор шудан мумкин аст?

-Бояд гуфт, ки ҳангоми гирифторшавӣ ба бемории СОVID-19 агар шахс бемориҳои ҳамрадиф надошта бошад, пурра сиҳат меёбад ва дигар такроран ба ин беморӣ гирифтор намегардад. Аммо, агар шахси гирифтори бемории СОVID-19 ҳамзамон бемориҳои ҳамрадиф, аз қабили дил, диабети қанд, эндокринӣ дошта бошад, муолиҷаи он душвор мегардад. Дар натиҷаи паст будани масуният  ва бо сабаби бемориҳои ҳамроҳ эҳтимол дорад, ки дар шахс ин беморӣ такрор ёбад.

Ҷиҳати пешгирии бемории СОVID-19 чӣ бояд кард?

-Барои пешгирии бемории СОVID-19 дар навбати аввал чорабиниҳои психокординатсионӣ зарур аст, яъне дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд гузаронида шаванд. Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ барои аз зеҳни мардум дур кардани тарсу воҳима оид ба ин беморӣ заруранд, зеро тарс боиси вазнин шудани  ҳолати бемор ва ҳамроҳ шудани бемориҳои дигар дар шахс мегардад. Кам бемориҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки асли онҳо ба тарсу ваҳм алоқамандӣ надошта бошанд. Ба тариқи намуна бемориҳои саратониро мисол овардан мумкин аст. Ҳануз беморӣ пурра ташхис нагардида, бемор бениҳоят асабӣ шуда, гирифтори стрес мешавад. Вақте ки одам гирифтори стрес мешавад, масуният паст  гардида, антителаҳое, ки ба муқобили ин беморӣ мубориза мебаранд, кам мешаванд.

Бояд гуфт, ки тарсу ваҳм ба бемориҳои дил, аллергии шуш, астмаи неврогенӣ, онкологии неврогенӣ бештар зарар мерасонад. Пешгирии бемории СОVID-19 дар навбати аввал ба ором кардани асаб алоқамандӣ дорад. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ хеле муҳим мебошанд.

Ба гирифторони бемории COVID-19 истеъмоли чӣ гуна ғизоро тавсия медиҳед?

-Муҳаммад Закариёи Розӣ ва аксари табибони мо дар бораи тавассути парҳез муолиҷа кардани беморон андешаҳои ҷолиб доранд. Агар шахси мубталои бемории СОVID-19 ҳамзамон бемориҳои ҳамрадиф, аз ҷумла меъда, руда, ҷигар, фишорбаландӣ, диабети қанд дошта бошад,  дар ин ҳолат истеъмоли ғизоҳо тавсия дода мешавад. Аммо, мутахассисони соҳа истеъмоли хӯрокҳои серравған ва инчунин пурхӯриро ба беморони COVID-19 тавсия намедиҳанд. Хӯрокҳое, ки дар шакли ҷӯшонида ё буғ тайёр мешаванд ва ҳамзамон  истеъмоли ғизоҳои табиӣ,  ба гирифторони бемории  COVID-19 хеле муҳим мебошанд.

Муаллимаи азиз, барои чунин як суҳбати судманд ба шумо арзи сипос менамоем. Умед дорем, ки хонандагони  гиромӣ аз маслиҳатҳои муфиди шумо манфиат бардошта,  аз рӯйи онҳо амал менамоянд.

Суҳбаторо: Омӯзгорони кафедраи забони тоҷикии

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

ба номи Абӯалӣ ибни Сино 

Раҳимов Т.Ф., Маҷидова Б.М.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 596
  • 1,242
  • 949,616