Роҳҳои такмили сифати таълими мутахассисони соҳаи кори иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Сентябр 06
10:50 2017

Дар арафаи оғози таҳсили навбатӣ бо мақсади рушду такомули низоми таълим ва таҳсилоти касбии донишҷӯёни ихтисоси кори иҷтимоӣ дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи кори иҷтимоӣ, дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои такмили  сифати таълими мутахассисони соҳаи кори иҷтимоӣ» семинари ҷумҳуриявии илмию методӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар олимону омӯзгорони ДМТ ва коршиносони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

«Иштироки донишҷӯён дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ ҳамчун воситаи фаъоли таълим», «Амалияи кори иҷтимоӣ ҳамчун фанни нав дар ҷараёни таълими кори иҷтимоӣ», «Роҳҳои истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим» ин ва дигар мавзуъҳое буданд, ки дар  семинари ҷумҳуриявии илмию методӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд кардан ба мавридаст, ки пешниҳоди касби кори иҷтимоӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ҷараёни нисбатан нав буда, айни замон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар танҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ аз рӯи ихтисоси мазкур донишҷӯён тайёр карда мешаванд.

Масъалаҳои такомул ва рушди барномаҳои таълимӣ ва таҳияи стандартҳои таҳсилоти кори иҷтимоӣ дар айни замон дар марҳилаи инкишоф қарор дошта, баргузории семинари номбурда аз иқдомҳои наҷиби донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 625
  • 1,242
  • 949,645