Рухсат шудани 40 нафар аз “Маркази тиббии шаҳрии №1”

Рухсат шудани 40 нафар аз “Маркази тиббии шаҳрии №1”
Май 26
12:02 2020

Рухсат  шудани беморон аз муассисаҳои тандурустии кишвар, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1”-пойтахт идома дорад.

Имрӯз, 26 майи соли равон пас аз шифо ёфтан зиёда аз 40 нафар сокиноне, ки як муддати муайян зери назорати табибон қарор доштанд, аз муассисаи мазкур ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Зебунисо Шерова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки як муддат дар ин муассиса  зери назорати табибон қарор дошт, инак рухсат шуда, дар суҳбат бо мо аз вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамза Ҳасанов, табиби  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” дар суҳбат бо мо аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, дар зимн қайд намуд, ки “муассисаи мазкур пайваста аз ҷониби мақомоти дахлдор бо дорувориҳои зиддимикробӣ таъмин карда мешавад”.

Аз суҳбат бо роҳбарияти  муассисаи болозикр муайян гардид, ки тайи 5-6 рӯзи охир шумораи шифоёфтагон аз  бемории каронавируси нави КОВИД-19 зиёд шуда, муроҷиаткунандагон кам ба қайд гирифта мешавад.

Ҳамзамон, имрӯз аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  20 нафар шаҳрвандон пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750