Рушди бомароми соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ёвон

Рушди бомароми соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ёвон
Ноябр 14
07:20 2019

Феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Ёвон корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар як қатор муассисаҳои тиббии ноҳияи мазкур аз ҳисоби Лоиҳаи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи Бонки умумиҷаҳонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст. Дар ҳуҷраҳои Маркази саломатии ноҳия аз ҳисоби буҷаи маҳал ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, айни замон таъмир дар ҳуҷраҳои он давом дорад. Дар баробари ин, ба маблағи 28 ҳазору 940 сомонӣ маводҳои доруворӣ харидорӣ карда шудааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Маркази саломатии деҳоти Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн аз ҳисоби Лоиҳаи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ  таъмин гардид. Дар моҳи марти соли равон бошад, Бунгоҳи саломатии Заркамари ҷамоати деҳоти Даҳана бо тарзи ҳашар сохта ба истифода дода шуд, ки барои сохтмони он аз тарафи буҷаи маҳал 7500 сомонӣ масраф шудааст. Ҳамзамон, моҳи июли соли равон Маркази саломатии деҳоти Бӯстони ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд ва бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ  таъмин гардид. Моҳи сентябри ҷорӣ Маркази саломатии деҳоти Чормағзаки ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуда бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуд. Инчунин,  моҳи сентябр Маркази саломатии деҳоти «Рӯдакӣ» -и ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо тариқи ҳашар ва Маркази саломатии деҳоти Даҳана аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар Бунгоҳи саломатии «Оби Мукӣ-1» аз ҷамоати деҳоти Обшорон ба тариқи ҳашар пеш рафта истодааст. Дар Маркази саломатии деҳоти Саъдии Шерозӣ бошад, сохтмони таваллудхонаи минтақавӣ ба тарзи ҳашар давом дорад ва дар соли ҷорӣ он ба истифода дода мешавад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ноҳия сохтмон ва азнавсозии марказҳои саломатии деҳоти Меҳристон, Қуймот ва Бунгоҳи саломатии Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн ва Баҳори ҷамоати деҳоти Норин ба нақша гирифта шудааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 619
  • 1,242
  • 949,639