Рушди донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Феврал 26
13:48 2018

Имрӯзҳо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбиқи “Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2015-2019»  дар љумњурї тадбирҳои амалие рӯи даст гирифтаанд.

Ҳамин аст, ки танҳо таи як ҳафтаи охир дар  Филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон 186 нафар донори хун ва плазмасупор ба қайд гирифта шудаанд.

Ба иттилои дастрас аз донорони бақайдгирифташуда,   ба миқдори 98л 160  мл  маводҳои хун гирифта шуда, барои кӯмаки фаврӣ ба беморони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тайёр карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медињанд, ки давоми соли 2017 дар муассисаи  давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и  шаҳри Қурғонтеппа  ва  намояндагиҳои муассисаи  мазкур  дар  шаҳру  навоҳии вилояти Хатлон  4 204 нафар донорҳои  хунсупор ва плазмасупор ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба соли 2016 15% зиёд мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 635
  • 1,242
  • 949,655