Рушди низоми хизматрасонии тиббии КАТС-и ноҳияи Кӯлоб дар заминаи татбиқ гардидани Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»

Рушди низоми хизматрасонии тиббии КАТС-и ноҳияи Кӯлоб дар заминаи татбиқ гардидани Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»
Март 27
11:25 2023

Корҳои таъмириву азнавсозӣ дар як қатор муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи фаъолияти Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Маврид  ба тазаккур аст,   ки то ба соли 2021  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд.

Имрӯзҳо дар марказҳои саломатии 6 ноҳияҳои дар соли 2021 таҳти сарпарастии Лоиҳа қарор гирифта корҳои таъмирӣ бомаром идома доранд, ки таъмири кулии 3 маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон Маркази саломатии деҳоти “Зиракӣ”, Маркази саломатии деҳоти “Ҳакимобод”, Маркази саломатии деҳоти “Лағмон”-и ноҳияи  мазкуз  аз зумраи онҳост .

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи Марказҳои саломати деҳот дар ноҳияи Кӯлоб ба 10 адад ва бунгоҳҳои саломатӣ ба 53 адад баробар буда, дар қатори таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани 3 Маркази саломатӣ дар умум низоми муасисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳия зери сарпарастии Лоиҳаи болозикр қарор дорад. Танҳо дар  соли 2022 дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия  дар доираи татбиқи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 126201,94 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳои тиббӣ  пардохт карда шудааст. Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 21 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия 10 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 344,25 доллари ИМА, 10 адад ноутбук барои маркази саломатии деҳот ба маблағи 7099,4 доллари ИМА, 10 адад борхалтаҳои тиббӣ барои кормандони миёнаи тибб ба маблағи 2901,7 доллари ИМА, таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 81233,13  доллари ИМА, 5 адад генератор ва 5 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 31275,00 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 295,58 доллари ИМА харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки  таъмири кулии 3 Маркази саломатии зикршуда ба анҷом расонида шудааст ва дар назар аст, ки таи рӯзҳои наздик ба истифода супорида шаванд. Марказҳои саломатии навтаъмир бо тамоми таҷҳизоти тиббиву маишӣ, ҳуҷраи хатна, занона ва озмоишгоҳ таъмин карда шудаанд.

Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар ноҳияи Кӯлоб аз аввали соли 2022 –  288 873,59  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар ноҳияи  мазкур аз аввали татбиқи Лоиҳа  378 800,82  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 348
  • 1,242
  • 949,368