Рушди коркарди гиёҳҳои шифобахш

Рушди  коркарди гиёҳҳои шифобахш
Январ 15
09:19 2020

Бо мақсади коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва рушди саноати дорусозӣ давоми соли ҷорӣ дар дохили кишвар ду корхонаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёхҳои шифобахш ифтитоҳ ёфтанд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин корхона 8 дастгоҳу таҷҳизот барои коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон насб кардашуда, 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш коркард ва басту банд мегарданд.

Инчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2019 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар шаҳри Душанбе сехи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ” ифтитоҳ гардид.

Қайд кардан лозим аст, ки дар корхонаи мазкур бори аввал дар кишвар маводи фаъоли биологӣ дар ғилофак (капсула) аз шираи камол “Ферулин” ва “Шарбати ширинбия”  дар зарф истеҳсол карда шудааст.

Барои таъмир ва азнавсозии бино ва харидории таҷҳизотҳои зарурӣ барои истеҳсоли доруворӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахш аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси вазорат маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, дар ин корхона 20 нафар мутахассисон ба ҷои кори доимӣ ва то 100 нафар ҳангоми корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732