Саҳми ҷавонон дар баланд бардоштани солимии ҷомеа назаррас аст

Саҳми ҷавонон дар баланд бардоштани солимии ҷомеа назаррас аст
Сентябр 15
12:40 2020

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар ҳақиқат, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ дар баробари 4 афзалиятҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари амалҳои давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар мадди аввал қарор доранд. Танҳо давоми соли 2019 мавриди муҳокимаи пайваста ва тасфири дақиқ қарор додани ҷанбаҳои гуногуни хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба ҳар як қишри ҷомеа дар ҷаласаю машваратҳои шӯроҳои амният, ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои сил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, мубориза бо нашъамандӣ ва ғайра дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба масъалаҳои иҷтимоӣ шаҳодат медиҳанд.

Бо мақсади татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ  дар соҳа айни замон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушиш ва талошҳо равона гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ҷавонони сарбаланди кишвар дар баробари иштироки фаъолона дар рушди тамоми самтҳо, ҳамзамон, дар таъмини солимии ҷомеа низ саҳми назаррас доранд.

Дар назди Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи валантёрон иборат аз ҷавонон фаъолият менамояд, ки ҳадаф ва мақсади он дар байни аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ-ташфиқотӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиб ва ташфиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон мебошад.

Аз ҷониби валантёрони маркази мазкур пайваста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои серодам  ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ  тақсим карда мешавад.

Боиси хушнудист, ки тайи солҳои охир аз ҷониби ҷавонон, махсусан валантёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ байни шаҳрвандони кишвар корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, қобили зикр  аст, ки чунин чорабиниҳои тарғиботию солимгардонӣ аз ҷониби ҷавонони кишвар дар тамоми гӯшаву канори мамлакат пайваста доир карда мешаванд.

Воқеан, бо баргузор намудани чунин аксия-чорабиниҳои тарғиботию ташфиқотӣ метавон шаҳрвандонро аз гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳарчӣ бештар огоҳ  намуда, бо ин роҳ маърифати тиббии онҳоро баланд бардошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки бори нахуст соли 2019 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи волонтёрон иборат аз донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар таъсис ёфт. Дар нахустин соли таъсисёбӣ валантёрони вазорат дар як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди соҳаивӣ иштирок намуданд. Бо мақсади иштироки фаъолонаи ҷавонон дар таъмини солимии ҷомеа чанде қабл дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии  “Табибони ҷавон” таъсис дода шуд. Ҳадаф ва мақсади ташкилоти мазкур ин пеш аз ҳама ба воситаи тарғиботу ташфиқот баланд бардоштани маърифати солимии аҳолӣ, пешгирии шаҳрвандон аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ мебошад.

Пас, бо боварии комил метавон гуфт, ки саҳми ҷавонони кишвар дар таъмини солимии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, бениҳоят назаррас  мебошад.

Боварии комил дорам, ки минтаъд низ ҷавонони ватандӯст ва худшиносу  худогоҳи кишвари азизамон дар таъмини солимии ҷомеа саҳми боризи хешро мегузоранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980