«Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст». Таҳти ин унвон дар Душанбе аксия баргузор шуд

«Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст». Таҳти ин унвон дар Душанбе аксия баргузор шуд
Сентябр 16
09:45 2020

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ   дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва майдони «Дӯстӣ» –и ноҳия бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои марбута ва донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия таҳти унвони  «Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст» аксияи тарғиботӣ гузарониданд. Мақсад аз роҳандозии  ин аксия пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ба сокинони пойтахт пешниҳод намудани тавсияи  мутахассисони соҳа оид ба роҳҳои муҳофизат аз гирифторӣ  ба ин бемории сироятӣ мебошад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавируси нав — «Сovid-19» Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  тасдиқ гардидааст, ки дар асоси он  масъулин ҳамарӯза  байни сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

«Корҳои фаҳмондадиҳӣ  асосан  дар бозору мағозаҳо, мактабу донишгоҳҳо ва дигар  ҷойҳои  ҷамъшавии зиёди одамон бурда мешаванд. Боиси таассуф аст,  ки баъзе аз сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам оқибати хатарнок доштани ин бемории сироятиро дарк накардаанду  нисбат ба саломатии худ ва дигарон бетафовутӣ зоҳир карда, на танҳо масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд, балки дар кӯчаву бозор бе ниқоб мегарданд.  Дар ҷараёни баргузории аксияи имрӯза  ба сокинон маводи антисептикӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд ва ба онҳо фаҳмонидем, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст»,- афзуд Наргис Шарифзода.

Дар  ин чорабинӣ   ба аҳолӣ расонида ва хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.

Ёдовар мешавем, ки  дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шуда, мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла  беэътиноии  аҳолӣ  ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва риояи ҳатмии  фосилаи иҷтимоӣ  арзёбӣ мекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738