“Самтҳои муосири муҳофизат ва барқароркунии функсияҳои репродуктивӣ”

“Самтҳои муосири муҳофизат ва барқароркунии функсияҳои репродуктивӣ”
Октябр 31
09:15 2020

Бахшида ба 40-умин солгарди таъсисёбии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон дар пажӯҳишгоҳи мазкур конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи “Самтҳои муосири муҳофизат ва барқароркунии функсияҳои репродуктивӣ”  баргузор гардид, ки дар кори он Гулбаҳор Ашурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меҳринисо Рустамова, мудири шӯъбаи тибби клиникии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор,  Комилиён Файзалӣ Саъдулло, муовини раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносони соҳа ва кормандони пажӯҳишгоҳ иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз нақши пужӯҳишгоҳи мазкур дар таъмини солимии модарону кӯдакон ёдовар шуда, иброз дошт, ки вазифа ва самтҳои пажӯҳишгоҳи мазкур омода намудан ва гузаронидани тадқиқотҳои имлӣ оид ба масъалаҳои мубрами акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогӣ, омӯзиши омилҳои беморшавии модарон ва кӯдакон, омода сохтани заминаи асосии нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани солимии модарон ва тифлон, тайёр кардани барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ оид ба пешгирии беморшавии модарон ва кӯдакон бо дарназардошти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, биологӣ ва экологӣ, гузаронидани чорабиниҳои ташкиливу методӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, иштирок дар кумитаҳо ва комиссияҳо,  иштироки олимони пажӯҳишгоҳ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба мутобиқ сохтани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тавсияҳои методӣ, модулҳои омӯзишии аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  тавсияшаванда иборат аст.

Дар идома олимону коршиносони соҳа вобаста ба паҳлуҳои гуногуни  масъалаи мазкур маърӯзаҳо намуда, роҳҳои нави ташхис ва табобатро дар ин самт баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки сол то сол дар пажӯҳишгоҳ сафи олимони соҳа меафзояд. Махсусан, айни замон дар муассисаи мазкур 5 нафар доктори илмҳои тиб, 42 номзади илмҳои тиб, 2 нафар профессор ва 12 нафар дотсентҳо кору фаъолият менамоянд.

Дар назди пажӯҳишгоҳ Шӯрои олимон, Шӯрои ташхиси байнисоҳавӣ оид ба момопизишкӣ ва бемориҳои занона ва Шӯрои олимону мутахассисони ҷавон фаъолият  доранд, ки дар корҳои илмӣ-амалии пажӯҳишгоҳ иштирок менамоянд. Бояд гуфт, ки то имрӯз аз тарафи кормандони пажӯҳишгоҳ зиёда аз 70 рисоли номзадӣ ва 7 рисолаи  докторӣ ҳимоя шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 680
  • 1,242
  • 949,700