Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд
Июл 26
12:45 2019

Имрӯз  дар толори Маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Дар ин иртибот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Анҷом додани корҳо ҷиҳати аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 629
  • 1,242
  • 949,649