Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд (АКС)

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд (АКС)
Август 06
11:23 2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаи сабз» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Иншоот дар маркази деҳоти Сари Хосор, дар масоҳати 285 метри мураббаъ бунёд гардида, аз анбори аввалин, сехҳои коркард ва банду басти гиёҳҳои шифобахш ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» ҳамчунин аз меваи дарахтони ҷангалзори минтақа, аз ҷумла бодоми талхдона, чормағз, писта, ангат, канадона, инчунин ҳосили зироати зағир ва ғайра равғани табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин корхона, ки ба таври муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ бунёд гардидааст, 8 дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, банду басти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ ва ғайра насб карда шудаанд. Маводи доруворие, ки дар ин корхонаи муосир истеҳсол мегардад, тамғагузорӣ мешавад ва ба талаботи стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 800 қуттии шартӣ маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 100 литр равғани табобатӣ аз меваи дарахтони ҷангалӣ мебошад. Тибқи иттилоъ, дар минтақаи Сари Хосор зиёда аз 100 намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯянд ва аксари онҳо дар корхонаи мазкур коркард ва банду баст мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешакардаи дастандаркоронро шоистаи таҳсин ҳисобида, барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои ҷангалии шифобахш ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 598
  • 1,242
  • 949,618