Давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла дар ин давра 149 нафар табибони муассисаҳои тандурустии пойтахт аз такмили ихтисос гузаштанд. Ҳамзамон, 196 нафар кормандони миёнаи тиб ба такмили ихтисос, 4 нафар табибон ва 60 нафар кормандони миёнаи тиб ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Баҳри иҷрои банди 9-уми Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31.12.2011, №592 “Дар доираи татбиқи “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.02.2010, №61 тасдиқ гардидааст, андешидани чораҳо оид ба такмил додани ихтисоси кормандони соҳаи тиб, тақвият бахшидан ва афзоиш додани имконияти тайёр намудани кадрҳои тиббӣ, таҳия ва татбиқи воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ба кор ҷалб кардан ва нигаҳдории кадрҳои тиббӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе чораҳои натиҷабахш андешида шуданд.
(Акс аз бойгонӣ)