Семинари илмӣ-омӯзишӣ оид ба бемориҳои равонӣ

Семинари илмӣ-омӯзишӣ оид ба бемориҳои равонӣ
Май 16
13:36 2019

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи “Тоҷик Эйд” семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи “Кор бо қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, психотравматология ва дигар мушкилоти фишори равонӣ”  баргузор гардид.

Тибқи иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур, дар кори семинари илмӣ-омӯзишӣ олимони соҳаи психиатрия ва психология аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон,  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи М.Ғ. Ғуломов” ва “Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ”  иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати оғоз бахшидани семинари мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвари Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Нейтхарт Хюфер-Виссинг ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард.

Аз ҷониби олимон маърӯзаҳо доир ба бемориҳои руҳӣ, зӯроварии хонаводагӣ ва психотравматология пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 730
  • 1,242
  • 949,750