Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус

Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус
Апрел 15
07:02 2020

Дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода оид ба пешгирии сирояти коронавирус машғулияти омӯзишӣ доир гардид.

Қайд карда шуд,  ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳадаф ва мақсад аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус арзёбӣ гардида, зикр карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Дар идомаи семинар вобаста ба роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус аз ҷониби мутахассисон ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирии сирояти коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар муассисаҳои тандурустии мамлакат доир карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 588
  • 1,242
  • 949,608