Апрел 17
13:54
2017
Чанде қабл дар толори маҷлисгоҳи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯӣ “Идоракунии иттилоот” баргузор гардид. Семинари мазкур дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, бо кормандони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо ташкилоти Итиҳоди Аврупо, EPOҶ гузаронида шудааст. Гуфта мешавад ҳадафи чорабинӣ ин идоракунии маводҳои итилоотӣ ва дар амал тадбиқ намудани “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” мебошад.