Семинари омӯзишӣ вобаста ба танзими партовҳои тиббӣ

Семинари омӯзишӣ вобаста ба танзими партовҳои тиббӣ
Октябр 05
14:24 2021

Имрӯз, 5 октябри соли равон дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе аз ҷониби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва дастгирии техникии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)  дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ  ҷиҳати омода намудани тренерон доир ба масъалаҳои танзими партовҳои тиббӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода  аснои суханронии хеш аз номи роҳбарияти вазорат ба шарикони рушд ҷиҳати баргузории чунин як чорабинии муфид изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки масъалаи партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ, аз ҷумла партовҳои тиббӣ сол то сол ба яке аз мушкилоти асосии соҳа табдил ёфта истодаааст.

Гуфта шуд, ки дар ҳама давру замон масъалаи мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дошт ва тавассути ба роҳ мондани роҳу усули техникии муосир бо дуруст ҷамъоварӣ намудан, нигоҳдории муваққатӣ, интиқол ва нобудсозии бехавф метавон на танҳо ҳолати санитариро дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ таъмин намуд, балки пеши роҳи сироятҳои дохили беморхонагӣ, садамаҳои тиббӣ ва ифлосшавии муҳитро гирифта, хатарҳои эҳтимолиро аз байн бурд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки чорабинии имрӯза ба иштирокчиён маълумоти навро пешниҳод намуда, дониши онҳоро боз ҳам такмил медиҳад ва дар навбати аввал эшонро вазифадор мегардонад, ки маълумотҳои ба даст овардаашонро дар минтиқаҳои худ ба мутахассисон низ мерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 728
  • 1,242
  • 949,748