Сеюмин Конференсияи байналмиллалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ- ба кори худ оғоз намуд

Сентябр 13
13:01 2018

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, сеюмин Конференсияи байналмиллалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз намуд.
Дар расми баргузории Конференсияи байналмиллалӣ Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагон аз сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Намояндагии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зиддии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, лоиҳаи “ХОУП” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти ҷомеаи кушод, Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Духтурони бидуни марз ва KNCV (Ассосиатсияи Шоҳигарии Нидерландӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории сил) ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар конфронси мазкур беш аз 180 нафар коршиносон ва силшиносони баладихтисоси ИМА, Осиёи Марказӣ ва Аврупо, сиёсатмадорон, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Арманистон, Австрия, Осиёи Марказӣ, Дания, Швейтсария ва Федератсияи Руссия ҷамъ омадаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки сеюмин Конференсияи байналмиллалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) ва дигар шарикони байналмиллалӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳ монда шудааст.
Дар рафти баргузории конференсияи мазкур масоили назорати сил, паст намудани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он, вазъ ва дурнамои беҳтаргардонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобати бемории сил, тақвияти таҳлилгоҳу дигар қисматҳои тандурустӣ вобаста ба бемории сил мавриди таҳлилу баррасӣ ва бозомӯзи қарор гирифта истодааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки сеюмин Конференсияи байналмиллалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то шоми имрӯз идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 688
  • 1,242
  • 949,708