Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи минтақавии Мискинободи ноҳияи Файзобод, ки аз 50-кат иборат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани шӯъбаи мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи минтақавии Мискинободи ноҳияи Файзобод дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва ашхоси саховатпешаи диёр сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон, шӯъбаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин гардидааст, ки дар он барои ташхис ва табобати шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам мебошад.
Аснои боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи минтақавии Мискинобод суҳбати озод анҷом дода, онҳоро барои хизмати софдилона ба мардум ва таъмини солимии аҳолӣ даъват намуд.