Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябр 30
16:29 2017

Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид, ки дар он рафти амалишавии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”  ва  “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мушовири вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова оид ба  раванди татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” дар соли 2017 муфассал маълумот дода, зимнан қайд намуд, ки дар партави сиёсати иҷтимоии давлат, ҳамчунин, таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба кормандони соҳа, махсусан, шахсони маъюб илҳоми тоза бахшида, дар феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як ҳуҷҷати нави таъминкунандаи ҳуқуқу кафолатҳои маъюбон ва тавонбахшии онҳо ворид гардид.

Вазорат дар моҳи декабри соли 2016 ҷиҳати муаррифии Барномаи мазкур ва мушаххасан муайян намудани вазифаҳои зерсохторҳои  вазорат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар самти татбиқи Барнома дар ҳамкорӣ бо  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон миззи мудавварро баргузор намуд. Дар он, ҳамчунин, “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳи 2017-2020” дар шакли китоб ба ҳамаи иштирокчиён ва баъдан ба ҳамаи сохторҳои дахлдор дастрас карда шуд.

Вазорат ва сохторҳои он дар давоми 11 моҳи сипаришудаи соли 2017 вобаста ба татбиқи бандҳои дахлдори Барномаи мазкур корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

Оид ба масъалаи дуюм, вобаста ба раванди татбиқи “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Ҳафизов маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Саидалӣ Ҳафизов зимни суханронӣ бори дигар мақсад ва вазифаҳои Барномаро шарҳ дода, қайд намуд, ки Барнома намуд, ҳаҷм, тартиб ва шартҳои расонидани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохт, мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз буҷети давлатӣ, инчунин дар доираи захираҳои мавҷудбудаи донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

“Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо кӯмаки тиббию санитарӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҳадафи асосии он  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири он ба хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ва аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмии хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби аҳолӣ мебошад.

Ҳамзамон номбурда самтҳои асосии Барнома, аз ҷумла мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон, хизматрасониҳои тиббии ройгон барои ҳамаи аҳолӣро шарҳ дода ёдовар шуд, ки  айни ҳол дар кишвар машварат, муоинаи тиббӣ, ташхис, таъиноти доруворӣ, роҳхат барои ташхисҳо ва бистарикунонӣ, эмгузаронӣ, истифодаи маводҳои контрсептивӣ, тазриқиҳо дар сатҳи дармонгоҳӣ, инчунин, расонидани кӯмаки бетаъхир ва таъҷилии тиббӣ дар ҳама ҳолат барои ҳамаи аҳолӣ, баргузории чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ, ҳангоми хуруҷи бемориҳои сироятӣ  ройгон мебошад.

Дигар намуди хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ  бо истиснои гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ ба таври ҳампардохт (иштироки аҳолӣ дар пардохти хизматрасониҳои тиббӣ) расонида мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани роҳхат аз ҷониби табибон ва дар ҳолатҳои фаврӣ бе роҳхат бемор танҳо 50% ва ҳангоми надоштани роҳхат 70% арзиши хизматрасониҳои тиббиро пардохт менамояд, ки боқимондаи он аз ҷониби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

Хулоса ҳангоми татбиқи барнома дар ноҳияҳои таҷрибавӣ сатҳи бистарикунонӣ ва харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи беморхонавӣ кам гардида, хизматрасониҳои камхарҷи дармонгоҳӣ яъне ташрифҳои дармонгоҳӣ афзудааст. Дар доираи татбиқи барнома соли 2016 бештар ба 53,8% беморон ва дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 49,3 % беморон ба таври ройгон хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст.

Ҳамзамон, мушкилиҳо ин аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дастгирии молиявӣ наёфтани Барномаи кафолатҳои давлатӣ, татбиқи саривақтӣ ва самараноки он боиси душворӣ гардидааст.

Мутаасифона дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба татбики барномаи мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии он аз ҷониби ҳамкорон оиди рушд кам гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”  ва  “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои зиёде барои солҳои 2018-2020 пешбинӣ гардидаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи онҳо чораҳои заруриро андешида, амалӣ хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 900
  • 1,242
  • 949,920