Дирӯз, 21 декабри соли ҷорӣ дар Қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои мазкур баргузор гашт.
Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор низ иштирок карданд.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368 “Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018”
- Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №426 “Дар бораи Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018”
- Оид ба тасдиқи нақшаи кории Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷаласаи мазкур доир ба “Баррасии раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 27 июли соли 2016, №317 Умарзода С.Ғ., муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” Бандаев И.С, Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи иҷрои “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 426) Содиқова Д.Н., ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози фаъолияти гурӯҳҳои кории техникии татбиқи қисматҳои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” Ҳафизов С.А., сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур нақшаи кории Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 тасдиқ гардид.
Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин раиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баррасии лоиҳаи қарори ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Бояд гуфт, ки дар раванди ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва суолу ҷавобҳо оид ба масъалаҳои дар рузнома овардашуда низ сурат гирифт.