Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид

Декабр 15
13:30 2017

Пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ,   паст намудани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба маризиҳои сироятӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбшавии сокинон, коҳиш додани фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ,  кам намудани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмол намудани машруботи спиртӣ яке аз мавзуоти аслие буданд, ки дар Шӯрои  навбатии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур  дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон доир гашта,  дар рафти кори он, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, менеҷерони сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии вилоят, директорони Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон,   филиали муассисаи давлатии  иммунопрофилактика,  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим,  инчунин намонядагони идораҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа  ҳолати  тадбиқи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″ бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ,  кам намудани фавту маъюбшавӣ, ҳамзамон кам намудани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмол намудани машруботи спиртӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар чорабинии мазкур  ҳамзамон   масъалаи  даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз  камбудӣ ва норасоиҳои  ошкоргардида дар рафти  муоинаи тиббии даъвати тирамоҳии соли 2017 натиҷагирӣ карда шуд.   Рафти иҷроиши қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2010,  Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 дар бораи тасдиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2011-2020”, тасдиқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавзуоти дигаре буданд, ки дар рафти чорабинии мазкур мавриди таҳлил карор дода шуд.

Дар охири кори ҷаласа  ба иштирокдорон  нисбати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ ва дар заминаи он  пешгирии  беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи ҳадафҳои бунёдии  «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2013-2023», инчунин вобаста ба эмгузаронӣ ва дар амал тадбиқ намудани талаботи  “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020” дастур ва супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 644
  • 1,242
  • 949,664