Ш.Шоҳин: Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО беморонашро аз COVID-19 ҳифз менамояд

Ш.Шоҳин: Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО беморонашро аз COVID-19 ҳифз менамояд
Июн 16
15:29 2020

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус корҳои профилактикӣ доир шуда, корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ  бо маҳлулҳои антисептикӣ, хлор ва дигар маводҳои зиддивирусӣ таъмин мебошанд. Тавре директори Муассисаи  давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза  бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам» Шамсуддин Худойбахшов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бемории сирояти коронавирус бештар ба шахсони гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, фишорбаландӣ, бемории қанд ва нафароне, ки иммунитети баданашон нисбатан паст аст, таъсири манфӣ мерасонад.

«Ҳоло дар ноҳия 29 нафар гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, онҳо  ҳамеша таҳти назорати кормандони муассиса қарор доранд ва бо дорувориҳои лозима пурра таъмин мебошанд. Айни замон бо мақсади пешгирӣ аз COVID-19 беморон бо  семоҳа доруворӣ таъмин гардида, кормандон ҳамеша тариқи телефонӣ аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд»,- гуфт номбурда.

Ба зикри Шамсуддин Худойбахшов, имрӯз МД «Маркази пешгирӣ ва мубориза  бар зидди бемории ВНМО» баҳри пурзӯр намудани  чораҳои  зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ва ҳифзи кормандон чораҳои безараргардониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад дар даромадгоҳи муассиса  маҳлулҳои безараргардонӣ аз қабили хлор, маҳлули спиртӣ ва инчунин ниқобҳои яккарата, собун ва  дастпушакҳои резинӣ  гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бемории сироятии коронавирусии нави   COVID-19 қариб тамоми  ҷаҳонро фаро гирифта,  олимони соҳаи тиб кӯшиш ба он доранд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин пандемияро гиранд.  Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус  тамоми чораҳо анешида шуда истодааст. Маҳз чунин чораандешӣ аст, ки рӯз то рӯз шумораи беморӣ дар ҷумҳурӣ кам гардида, беморхонаҳо ба фаъолияти маъмулии худ гузашта истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 631
  • 1,242
  • 949,651