Шаҳрдори Душанбе ба табибон ҷоизаҳо таъйин кард

Шаҳрдори Душанбе ба табибон ҷоизаҳо таъйин кард
Апрел 19
09:49 2019

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 18 апрели соли ҷорӣ баҳри муайян намудани беҳтарин «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол»-и пойтахт қарор қабул намуд.

Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани озмунҳо дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва дар доираи  Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии самтҳои асосии фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи солимии аҳолии пойтахт барои соли 2019 мебошад.

Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 (сиву чор ҳазор) сомонӣ ба муҳосиботи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 41
  • 451
  • 1,242
  • 949,471