Шаби 21 майи соли равон 97 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Украина ва Россия тариқи ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар Истироҳатгоҳи бачагонаи “Барқчиён”-и ШСХ “Барқи тоҷик” ба карантин фаро гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 20 майи соли равон 213 нафар шаҳрвандоне, ки тариқи парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Федератсияи Россия ба тариқи ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, дар як қатор осоишгоҳҳои мамлакат, аз ҷумла “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”-и шаҳри Ваҳдат, Осоишгоҳи “Садбарг”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истироҳатгоҳи бачагонаи “Барқчиён”-и ШСХ “Барқи тоҷик”, Осоишгоҳи базаи сайёҳии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осоишгоҳи коргарҷавонони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин нафарон аз ташхиси тестӣ гузаронида хоҳанд шуд.