Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 284 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 284 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд
Август 14
14:55 2020

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 284 ҳазор нафар зиёд шуда, ба зиёда аз 21 миллион нафар расид. Теъдоди ҳолатҳои фавт аз 6,6 ҳазор нафар зиёд шуд. Дар  ин бора АМИТ “Ховар” бо  истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ба ҳолати соати 13:00-и 14 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 21 088 317 (+284 113 давоми шабонарӯзи гузашта) ва 757 650 фавт (+6 655 давоми шабонарӯзи гузашта) ба қайд гирифта шудааст.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 10 950 220 нафар (+153 835 давоми шабонарӯзи гузашта) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 4 502 нафар зиёд шуда, ба 398 229 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 668 652 сироятёфта ва 218 255 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 26 107 ва фавт — 504 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 830 404 ва қурбониён 56 636 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 72 582 нафар зиёд шуда, 1 072 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 415 666. Баъдан Бразилия (3 229 621), Ҳиндустон (2 464 316), Россия (912 823), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ((572 865), Перу (507 996), Мексика (505 751), Колумбия (433 805), Чили (380 034) ва Испания (355 856) ҷойгиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732