Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 221 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 221 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Июл 27
12:33 2020

Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 221 ҳазор нафарро ташкил дод. Чунин маълумотро 27 июн Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нашр кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

27 июл дар ҷаҳон 16 418 867 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 652 256 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 221 260 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 4 303 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 8 385 810 (+93 499 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 890  нафар зиёд шуда, ба 332 589 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 216 335 сироятёфта ва 210 261 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 20 287 ва фавт — 311 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 732 248 ва қурбониён 39 786 мубошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 53 254 нафар зиёд шуда, 793 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 371 839. Баъдан Бразилия (2 419 901), Ҳиндустон (1 436 019), Россия (812 485), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (445 433), Мексика (390 516), Перу (384 797), Чили (345 790), Испания (319 501) ва Британияи Кабир (299 426) ҷойгиранд.

 

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 738
  • 1,242
  • 949,758