Ноябр 13
10:25
2021
Бо ҳадафи тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи коргоҳ имрӯз дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки доираи васеи ходимони соҳаи тандурустӣ маъракаи шанбегӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ, ки заминаи рушди зиндагии солим ва ҳифзи табиат аз партовҳои табиӣ ва маишӣ маҳсуб меёбад, доираи васеъи кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷалб карда шуда, ба ҳадде нақши худро дар шукуфоии хиёбонҳои пойтахти кишвар гузоштанд.
Чунин корҳои ободонӣ бо мақсади тозагии атрофи муассисаҳои тандурустӣ дар дигар манотиқи шаҳру навоҳии мамлакат низ имрӯз баргузор гардиданд.