Имрӯз, 3 январи соли 2019 дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббӣ – “Шифобахш” бо иштироки Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва муовинони он, сардорони раёсатҳо, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, инчунин сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сараввал иштирокчиёни ҷаласаро бо фарорасии соли нави 2019 шодбош гуфта, вобаста ба дастовардҳои кишвар дар соли гузашта изҳори андеша намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки: – “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди таърихи навини Тоҷикистон, пояи сулҳу амнияти миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои хоси тоҷикон беназир буда, таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ҳар як самти сиёсати давлатӣ, рушду такомули ҳаёти мардум, пешбурди илму маърифат ва танзими муносибат дар ҷомеа аз ғамхориву меҳрубонии Пешвои муаззами Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.”
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Насим Олимзода вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карда, иброз дошт: – “Дар ҳақиқат, Паёми навбатӣ тамоми дастоварду комёбиҳои соли 2018-ро дар бар гирифта, ҳамзамон дар он роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ба таври амиқ дарҷ гардидаанд”.
Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромаду суханронӣ намуда, бахше аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд. Қайд карда шуд, ки – “Паём ин барномаи амал аст, агарчӣ дар он баъзе натиҷагириҳо нишон дода мешаванд, лекин мақсади асосии Паём муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст.” Ҳамзамон, Маҳмадалӣ Ватанзода аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва таъкиди онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, барои ҳаллу ислоҳи онҳо пешниҳоду андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа доир ба нуктаҳои мухталифи Паём ва инчунин, оид ба бахшҳои соҳаи тандурустӣ байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид. Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону масъулини муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.