Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарияти вазорат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад шаби 21 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шабонаи шӯъбаҳои Маркази тиббии “Шифобахш” ва муовини вазир Шодихон Ҷамшед бо фаъолияти шабонаи беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос гардиданд.
Вазир ва муовини вазир аснои боздид бо рафти хизматрасонии шабонаи шуъба ва беморхонаҳои мазкур, вазъи табобати беморон ва ҳолати кунунии онҳо шинос шуданд.
Инчунин, дар ин шаб як қатор масъулини вазорат низ аз рафти хизматрасонии шабонаи муассисаҳои тандурустии мамлкат дидан намуданд.