Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи “Фарм Текс”

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи “Фарм Текс”
Апрел 08
07:14 2020

7 апрели соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари кории худ ба ноҳияи Данғара аз фаъолияти корхонаи «Фарм Текс», ки ба истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ, маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ машғул мебошад, дидан карданд.

Ба иттилои масъулин, дар коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 25 ҳазор адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ истеҳсол мегардад. Фаъолияти корхона шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, бештар бонувони маҳаллӣ ва мутахассисони аз худи ноҳия ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд.

Зимни боздид аз фаъолияти коргоҳ Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон ба масъулин барои дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб истеҳсол намудани ниқобҳои тиббӣ дастурҳо доданд. Зеро имрӯзҳо талабот ба ниқобу дигар маводи гигиенӣ бештар гардидааст.

Ба иттилои Муборакшо Катахонов – директори иҷроияи корхона оид ба рушд, маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ҳамарӯза ба муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳои мамлакат дастрас мегарданд.

Сарвазири кишвар ба аҳли кормандон барои бо сифати хуб анҷом додани фаъолияташон изҳори сипос намуд.

Қобили зикр аст, ки корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара асосан ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулотро истеҳсол мекунад.

Дар ин шабу рӯз корхона истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро ба маротиб афзун карда, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст.

Корхонаи «Фарм Текс» дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбарии гурӯҳи кории ҳукуматӣ доир ба бунёди иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.

Ҳамзамон, дар доираи сафари кории Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Данғара Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз аз рафти корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода дидан намуданд.

Беморхонаи мазкур 5-ошёна буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасони сохтмони асосӣ» ва маблағгузораш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад. Ҳаҷми сохтмон 25302,90 м3, интизор меравад, ки бино дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Сарвазири кишвар ба бинокорон ва масъулон дастур доданд, ки суръати корҳои сохтмониро афзуда, онро бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар вақти муайяншуда ба истифода супоранд.

Ба иттилои Бахтиёр Ашӯрзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Данғара, то инҷониб дар ноҳия 138 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Бештари иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд.

Ёдовар мегардем, ки 30 марти соли ҷорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, инчунин бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 744
  • 1,242
  • 949,764