Гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
Санаи 4 апрели соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон шинос шуд.
Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустии мазкур муовини вазир аз рафти хизматрасонии тиббии онҳо дидан намуда, инчунин доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳо бо масъулин суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Тавре зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини солимии аҳолӣ тамоми талош ва кӯшиши хешро равон сохта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.