Шиносоии Ғафур Муҳсинзода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоии Ғафур Муҳсинзода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд
Феврал 17
14:59 2022

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда, бо  вазъи муассисаҳои тандурустӣ аз наздик шинос шудаву бо беморон ва кормандони соҳа суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд.

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Ғафур Муҳсинзода ба вилояти Суғд сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилоят шинос шуд.

Аснои боздид муовини якуми вазир бо рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Ҳамзамон, Ғафур Муҳсинзода дар шаҳри Хуҷанд бо  роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ва дигар кормандони соҳа  вохурӣ намуд.

Дар вохурӣ масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 971
  • 1,242
  • 949,991