Шиносоии мутахассисони тибби Полша бо фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Шиносоии мутахассисони тибби Полша бо фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”
Июн 12
15:45 2020

Имрӯз, 12  июни соли равон мутахассисони  соҳаи тибби кишвари Полша аз рафти хизматрасониҳои Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуданд.

Дар ҷараёни боздиди хеш меҳмонон бо фаъолияти  шӯъбаи ҷарроҳии  соматикаи кӯдакона ва сипас аз  шӯъбаи бистаринамоии калонсолони муассиса шинос шуда,  ба рафти хизматрасонӣ ва дастгоҳҳои насбшуда дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот мутахассисони   тибби кишвари Полша ва табибони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  оид ба  масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19 табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони  кишвари Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 630
  • 1,242
  • 949,650