Шиносоии намояндагони вазорат аз вазъи феълии як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоии намояндагони вазорат аз вазъи феълии як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд
Январ 11
10:19 2021

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи феълии муассисаҳои тандурустӣ, баррасии мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.

Зимни боздид масъулини вазорат бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, махсусан дар самти пешгирии бемории COVID-19, назорати беморон, таъмини муассисаҳо бо гармӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки роҳбарият ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ чандест, ки гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 962
  • 1,242
  • 949,982