Шиносоии роҳбарияти вазорат бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ ва суҳбати озоду ошкоро бо шаҳрвандон

Шиносоии роҳбарияти вазорат бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ ва суҳбати озоду ошкоро бо шаҳрвандон
Январ 28
20:35 2023
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ироа гардиданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир ба роҳ мондааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат роҳбарияти вазорат гаштҳои шабона ва рузонаро ба роҳ мондааст.
Дар доираи ин иқдом 28 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии рақами яки шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов дидан намуд.
Зимни боздиди хеш Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шӯъбаҳои маркази мазкур шинос шуда, ҳамзамон аз рафти табобати як қатор беморон дидан намуд.
Инчунин, дар инҷо номбурда бо наздикони як қатор беморон дар қисми таваллудхона сӯҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
 
Номбурда аснои мулоқот бо наздикони беморон иброз дошт, ки роҳбарияти вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии шаҳрвандони кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Таъмини сиҳати сокинони кишвар дар маркази диққати Роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
 Ҳамзамон имрӯз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо фаъолияти Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд шинос шуд.
 
Абдухолиқ Амирзода бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ дар таваллудхонаи мазкур, рафти табобати беморон, вазъи таҷҳизоти дар муассиса мавҷудбуда шинос шуд.
Номбурда дар инҷо бо наздикони беморон низ сӯҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба беморон аз онҳо пурсон шуд.
 
Аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулини муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763